Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳрвандони кишвар, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Ухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад.
Сафорат бо мақомоти дахлдори кишвари маҳалли иқомат, Ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Ухан ва мактабҳои олие, ки дар он шаҳрвандони мо таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро пайгирӣ менамояд.
Дар торнамои Сафорат муроҷиат ба шаҳрвандон бо зикри рақамҳои телефони шабонарӯзӣ ҷой дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд ба кормандони масъули Сафорат муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров (+8618511786686), Амриддин Носиров (+8618514270747) ва Пирмухамедов Фаромуз (+8613522787975).
Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи ба вируси корона мубтало шудан ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷониби чинӣ айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Ухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон шудааст.
Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои тандурустӣ иттилоъ дод, ки давраи инкубатсионии коронавируси нав аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва он вирус дар ин муддат ба одамони дигар имконияти сироят дорад.
Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин анҷом хоҳад дод.
Вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.