Вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилии Арабистони Саудӣ

13.02.2020 14:16

12 феврали 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири корҳои дохилии подшоҳӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ ва терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Бо ёдоварӣ ва қаноатмандӣ аз сафари Шоҳзода ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 2018 баргузор гардида буд, изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои мақомоти дахлдори ду кишвар минбаъд низ пайваста таҳкиму густариш ёбанд.

image-13-02-20-12-16-13-02-2020-1414.jpeg

Нигористон

Тақвим