Суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2019
(18 феврали 2020, шаҳри Душанбе)
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Меҳмонони арҷманд,
Дар соли гузашта сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳаракатро дар масири пешбурди манфиатҳои миллӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ идома дод.
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати хориҷии давлат фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дастурҳое, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бар меоянд, ба роҳ монда, дар соли 2019 корҳои лозимро ба анҷом расонид.
Дар ин росто мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақомҳои баландпояи хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар тавсеа ва таҳкими бештари муносибатҳои кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз доштанд. Тоҷикистон дар давоми соли гузашта раёсати худ дар чанд созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба наҳви шоиста ба поён расонид.
Дар соли 2019 сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ба Федератсияи Русия (16-17 апрел) ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ, Ҷумҳурии Халқии Чин (25-29 апрел) ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии “Камарбанд ва роҳ”, Ҷумҳурии Қазоқистон (28-29 май) ба манзури иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар иҷлоси Шӯрои олии иқтисодии Авросиё, Ҷумҳурии Қирғизистон (14 июн) ба манзури иштирок дар иҷлоси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, Ҷумҳурии Беларус (27-30 июн) ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар маросими хатми Дувумин Бозиҳои аврупоӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон (26-28 июл) ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ, Туркманистон (29-30 август) ба манзури иштирок дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конфедератсияи Швейтсария (4-7 ноябр) ба манзури анҷом додани сафари корӣ, Ҷумҳурии Фаронса (7-12 ноябр) ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон (27-28 ноябр) ҷиҳати иштирок дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон (28-29 ноябр) бобати иштирок дар иҷлоси дувуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия (19-21 декабр) бобати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифтанд, ки ба боз шудани уфуқҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳову созмонҳои мазкур мусоидат карданд.
Беш аз 300 ҳайати хориҷӣ ва байналмилалӣ дар соли гузашта аз Тоҷикистон боздид намуд, ки ин амр дар густариши бештари муносибатҳои байналмилалӣ ва афзудани нақши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошт. Дар ин замина метавон аз сафарҳои расмӣ ва кории президентҳои Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Эрон ва Шри Ланка, Раиси Чин, Амири Қатар, Президенти Шӯрои Аврупо, Раиси иҷроии Афғонистон, Ноиби Президенти Ветнам, сарвазирони Қазоқистон, Камбодҷа, Кореяи Ҷанубӣ ва Озарбойҷон, Муовини якуми раиси Ҳукумати Русия, вазирони корҳои хориҷии Афғонистон, Баҳрайн, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Словакия, Фаластин, Чин, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Япония, Вазири дифои Русия, Котиби давлатии корҳои хориҷии Фаронса ва дигарон ёд кард.
Тоҷикистон тайи соли сипаришуда бо мизбонии ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз қабили Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 май), Ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония (17-18 май) ва Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (14-15 июн) дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ саҳми босазо гузошт.
Бадеҳист, ки густариши робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар авлавияти сиёсати хориҷии кишвар қарор дошта, дар соли гузашта раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳод идома ёфт.
11 октябр дар Ашқобод иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ ва 20 декабр дар Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуда, санадҳои муҳим ба имзо расиданд.
Дар соли сипаришуда самти муносибатҳои дуҷониба бо Русия шоҳиди таҳаввулоти тоза гардид. Мубодилаи сафарҳои расмӣ ва кории сарони ду кишвар, мулоқотҳои сатҳи олӣ, боздидҳои мақомҳои дигар, аз ҷумла сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе аҳаммияти муносибатҳои шарокати роҳбурдӣ байни ду кишварро бори дигар таъкид намуданд.
Дар соли гузашта сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минск сурат гирифта, масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартномаи шарокати стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расиданд.
Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва пайвандҳои фаровони иқтисодӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар садри авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад. Масъалаҳои ҳамкории кишварҳои минтақа дар дувумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд 29 ноябр баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Дар Тошканд санадҳои муҳим бобати афзудани самарбахшии ҳамкории кишварҳои минтақа пазируфта шуданд. Ҷиҳати омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои минтақа, 15 ноябр дар Тошканд иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар соли сипаришуда ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун бар пояи тавофуқҳои ҳосилшуда идома ёфт. Иқдомҳои муштараки Душанбе ва Тошканд ба раванди густариши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, ҳамлу нақл, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, амният ва мудофиа, инчунин робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Вохӯриҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи олӣ, инчунин мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвари ҳамсоя аз афзоиши эътимод ва тафоҳум байни Душанбе ва Тошканд гувоҳӣ медиҳанд.
Дар соли 2019 муносибатҳои Тоҷикистон бо шарики дигари роҳбурдии мо дар минтақа - Қазоқистон вориди марҳалаи тоза шуданд. Дар Қазоқистон Президенти нави кишвар интихоб шуда, нахустин сафари ӯ ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё баргузор гардид. Дар ҳошияи иҷлоси мазкур мулоқоти роҳбарони ду кишвар сурат гирифт.
Тоҷикистон ба манзури ҳифзи робитаҳои ҳасана бо Туркманистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар рафти ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон, ки 31 октябр дар Ашқобод барпо шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Қирғизистон таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя зоҳир мегардид. Дар Исфара вохӯрии президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуда, сарони ду кишвар бо аҳолии ноҳияҳои марзӣ дидор карданд.
Дар давраи гузоришӣ густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо кишварҳои Осиё ва Африка идома ёфт. Ба вежа ҳамкорӣ бо Чин мисли солҳои пешин пурмуҳтаво буд. Дар соли гузашта сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пекин ҷиҳати иштирок дар Дувумин форуми байналмилалии сатҳи баланди “Камарбанд ва роҳ” ва Намоишгоҳи ЭКСПО-2019, аз як сӯ, ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, аз сӯи дигар, уфуқҳои нави ҳамкориро дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун кушоданд.
Дар самти робитаҳои Тоҷикистон бо Япония месазад аз Ҳафтумин нишасти Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ёдовар шуд, ки 17 май дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар нишасти мазкур ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуд. Баёнияи муштараки Ҳафтумин иҷлоси вазирони корҳои хориҷии Муколама қабул шуд. Мулоқоте, ки байни Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва ҳамтои японии ӯ дар Токио 23 октябр дар ҳошияи маросими тоҷгузории Императори нави Япония барпо гардид, ба таҳкими бештари муносибатҳои байнипарламентӣ замина гузошт.
Дар давраи гузоришӣ масъалаҳои тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва илмию фарҳангӣ бо Афғонистон мавриди пайгирии пайваста қарор доштанд. Табиист, ки барои кишвари мо таъмини амну субот дар Афғонистони ҳамҷавор аҳаммияти фавқулода дорад.
Дар ин давра дар самти ҳамкорӣ бо Эрон тамоюли мусбат ба чашм мерасад. Рӯйдоди муҳим ин самт сафари Раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дидори ӯ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Муносибатҳо бо Туркия дар давраи гузоришӣ густариши бештар пайдо карданд. Моҳи июн сафари кории Президенти он кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё баргузор шуда, ҳангоми он сафар мулоқоти сарони ду кишвар сурат гирифт, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Дар самти густариши муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои калидии Осиёи Ҷанубӣ - Ҳиндустон ва Покистон низ таҳаввулоти муҳим рух дод. Байни Душанбе ва Деҳлӣ мубодилаи сафирони нав сурат гирифта, Исломобод низ сафири нави худро дар Душанбе таъйин кард.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Индонезия, Муғулистон ва ғайра дар заминаи табодули сафарҳои ҳайатҳои расмӣ, таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҷараён доштанд.
Дар давраи гузоришӣ, 15-17 июл нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба кишвари мо баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфта, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирони ду кишвар ва мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Дар поёни музокирот чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
13 сентябр дар Душанбе нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид. Ҳайатҳо самтҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
19 сентябр Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахрӣ Ҳамза аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар мулоқотҳое, ки дар Душанбе баргузор шуданд, масъалаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дар заминаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти робитаҳои байнипарламентӣ дар густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои фаровон бобати таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳо дар арсаҳои гуногун доранд.
Муносибатҳо бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ба вежа Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Давлати Кувайт, Давлати Қатар ва Салтанати Умон дар давраи гузоришӣ дар ҳоли тавсеа қарор доштанд. Дар соли гузашта сафари кории Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад ба Душанбе бобати иштирок дар Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё сурат гирифт, ки дар ҳошияи он мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Сарони ду кишвар омодагӣ ва рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи бештари робитаҳои дуҷониба таъкид намуданд.
Дар давраи гузоришӣ сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт (11-12 ноябр) ва сафари расмии Вазири корҳои хориҷии кишвар ба Салтанати Умон (19 декабр) сурат гирифта, дар ҷараёни он ду сафар санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои халиҷии мазкур дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд. Дар ин давра фаъолияти нахустин сафирони ғайримуқими Тоҷикистон дар Масқат (31 март) ва Манома (3 декабр) оғоз шуд.
Дар 26-28 ноябри соли гузашта дар Қоҳира Дувумин иҷлоси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид. Дар чаҳорчӯби иҷлоси мазкур бастаи санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар даври навбатии ройзаниҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки 3 октябр дар Қоҳира барпо шуд, баррасӣ гардиданд.
25 сентябр дар Душанбе нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Марокаш баргузор гардид. Ройзаниҳои сиёсӣ бо имзои ду санад - Протокол дар бораи ҳамкорӣ ва ройзаниҳои дуҷониба ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ба поён расиданд.
Иттиҳоди Аврупо шарики муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар давраи гузоришӣ сафари расмии Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон баргузор гардида, дар мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкорӣ байни кишвари мо ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Пайвастани Тоҷикистон ба Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) масъалаи муҳим буда, мавриди пайгирӣ қарор дорад. Иттиҳоди Аврупо ба манзури рушди пойдори ноҳияву деҳот, ташвиқи энергияи сабз ва пойин овардани сатҳи фақр дар ноҳияҳои дурдаст ҷудо намудани 20 млн евроро барои бунёди Нирӯгоҳи барқи обии Себзор тасдиқ кард. Дар соли 2019 Брюссел Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ пазируфт.
Самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак дар Ҳафтумин иҷлоси Шӯрои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 10 декабр дар Брюссел баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Дар Брюссел Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи навтаъйини олии Иттиҳоди Аврупо дар корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл мулоқот кард.
Давраи гузоришӣ шоҳиди тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупоӣ буд. Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ду кишвари мазкур такони тоза бахшиданд. Аснои сафарҳои Президенти Тоҷикистон ба Берн 5 санад ва Париж 11 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд. 9 январ дар Париж даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаронса ва 26 март дар Берн ройзаниҳои навбатии сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор шуданд.
13 декабр Рим Конфронси байналмилалии “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ ва шарокат”-ро мизбонӣ кард. Дар нишасти мазкур ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ҳошияи он Конфронс вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия сурат гирифт.
Дар давраи гузоришӣ инчунин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эстония (Душанбе, 16 май), Белгия (Душанбе, 31 май), Австрия (Душанбе, 23 сентябр), Олмон (Берлин, 1 октябр), Нидерланд (Гаага, 27 ноябр) баргузор гардида, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкури аврупоӣ дар соҳаҳои гуногун ва дар чаҳорчӯби Роҳбурди Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Барои Тоҷикистон густариши муносибатҳои дуҷониба бо ИМА аҳаммияти фаровон дорад. Аз оғози соли 2019 ду кишвар ба татбиқи харитаи роҳи ҳамкорӣ шурӯъ намуданд. Харитаи роҳи мазкур роҳҳои баровардани Тоҷикистон аз Феҳристи муроқибати Гузориши вежаи 301 ва Феҳристи кишварҳои мояи нигаронии махсусро баррасӣ намуда, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби С5+1-ро низ фаро мегирад.
Дар соли 2019 ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш ёфта, фаъолияти ҳайати Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ назаррас буд. Дар давраи гузоришӣ ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири кишвар дар иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк иштирок намуд. Зери раёсати Тоҷикистон дар Ню-Йорк дуюмин нишасти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва Ҳамоиши канории сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” баргузор шуданд.
Дар давраи гузоришӣ дар самти ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд. 21-22 май сафари Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия ба сифати Раиси амалкунандаи Созмон ба Тоҷикистон сурат гирифта, 24 июл дар Вена таҳти раёсати кишвари мо иҷлоси хотимавии Форуми ҳамкории амниятии САҲА баргузор гардид. 5-6 декабр дар Братислава 26-умин иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат варзид. Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ дар бораи авлавиятҳои Тоҷикистон дар се буъди фаъолияти Созмон ва чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва тағйир ёфтани иқлим изҳори назар намуд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони омӯзиш, илм ва фарҳанги СММ дар соли гузашта босамар буд. Дар 40-умин Конфронси умумии ЮНЕСКО, ки дар Париж 12-27 ноябр баргузор шуд, пешниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ ба Рӯйхати бузургдоштҳои ЮНЕСКО дар солҳои 2020-2021 пазируфта шуданд. Қарор аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри 2020 бо иштироки Мудири кулли ЮНЕСКО баргузор гардад.
Дар давраи гузоришӣ кишвари мо ҳамкориро бо созмонҳои дигари минтақавӣ низ густариш дод. 15 июн дар Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шудани Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё бори дигар нақши муҳимми Тоҷикистон ва сарвари онро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Вазорат дар соли гузашта ба манзури густариши бештари робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва таъмини шароити мусоиди берунӣ барои рушди пойдори кишвар ба иқдомҳои муайян даст зад. Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳангоми боздид аз Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 август мулоқот намуда, роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Созмон дар давраи раёсати Тоҷикистон гузориш дод. Тоҷикистон раёсатро дар ЭКО дар иҷлоси 24-уми Шӯрои вазирони Созмон, ки 9 ноябр дар Анталия баргузор шуд, расман ба Туркия супорид. 30 декабр дар Теҳрон маросими муаррифии Раиси нави Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки намояндаи Тоҷикистон аст, барпо гардид.
9 декабр дар Истанбул Ҳаштумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» доир гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок кард. Конфронс Эъломияи Истанбулро қабул намуд, ки бино бар он раёсати муштараки Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Дар давраи гузоришӣ заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷии он дар натиҷаи имзои 71 санади дуҷониба ва бисёрҷониба таҳкими бештар ёфт. Аз он теъдод 21 санад қарордоди байналмилалии байниҳукуматӣ ва 50 санад қарордоди байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ мебошанд.
Дар соли гузашта шумораи кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд, ба 176 кишвар расида, 30 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътиборномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.
Дар соли 2019 барои таъмини пӯшиши густурдаи хабарии ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки дар давраи гузоришӣ дар Тоҷикистон баргузор шуданд, шумораи зиёди намояндагони расонаҳои ватаниву хориҷӣ ҷалб шуданд. Ба ин васила дар соли сипаришуда Тоҷикистон ба сифати маркази ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ дар сархатти хабарҳои расонаҳои маҳалливу байналмилалӣ қарор гирифт.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба ҳамаи хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ барои инъикоси васеи чорабиниҳои байналмилалӣ ва мулоқоту дидорҳои сатҳҳои гуногун, ки дар кишварамон баргузор шуданд, изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ,
Ин буд бозгӯи фишурдаи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2019. Чунон ки аз матолиби фавқ бармеояд, соли сипаришуда барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул буда, натиҷаҳои он ба афзудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.
Фаъолияти Вазорат дар соли нави 2020 дар шароите оғоз мегардад, ки ихтилоф дар байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рӯ ба афзоиш буда, дар баъзе минтақаҳо ҳар гоми носанҷида метавонад шуълаи ҷангро барафрӯзад. Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз аҳёнан на қонунҳои байналмилалӣ, балки зӯри силоҳ вазъро дар арсаи байналмилалӣ муайян мекунад. Мантиқист, ки дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд нақши худро дар ҳифзи амну субот дар минтақа ва атрофи он ва ҳалли масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ идома диҳад.
Соли 2020 барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон соли пурмасъулият хоҳад буд. Дар соли ҷорӣ раёсати кишвар дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Қалби Осиё/Раванди Истамбул оғоз мешавад.
Гузашта аз ин, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон мизбони ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бобати татбиқи ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди пойдор”, солҳои 2018-2028, Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё/Раванди Истанбул” ва Конфронси навбатии байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм хоҳад буд.
Ҳадафи иқдомҳои мазкури Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гузоштани саҳми арзанда ба ҳифзи сулҳу субот дар минтақаю ҷаҳон ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба рушди пойдор ва муҳити зист аст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраи оянда муайян карда, дар мавриди пешбурди босамари сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар ин росто, Вазорати корҳои хориҷӣ кӯшиш менамояд, то дар иҷрои шоистаи вазифаҳои дар Паёми роҳбари давлат омада, саҳми арзанда гузорад.
Ташаккур.