21-22 феврали 2020 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Ҳайати ҷонибҳоро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров роҳбарӣ намуданд.
Ба ҳайати ҷонибҳо муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, муовинони вазирони адлия, сафирони ду кишвар, раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду вилоят дохил буданд. Дар рафти музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди зарурати фаъолгардонии тавсифи баъдии гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда ба мақсади бартараф намудани қитъаҳои пароканда ва қитъаҳои дар ҳудуди ҳамшафат дохилшудаи ҳамдигар дар Сарҳади давлаии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин таъмини устуворӣ то анҷом додани делимтитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлаии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ҳусни тафоҳум намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа ба гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҷонибҳо дастур дода шуд, ки омӯзиши асосҳои ҳуқуқии делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатиро идома диҳанд. Ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки масъалаи идома додани тавсифи гузариши хатти лоиҳавии Сарҳади давлаии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намоянд.
Ба мақсади фаъолгардонии ҳамкории муштарак ва пешгирии сар задани низоъҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар доираи ҷаласа мулоқоти алоҳидаи раисони ду вилояти ҳамсарҳад бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратии вилоятҳо баргузор гардид. Ҷонибҳо зарурати густариши бештари ҳамкориҳо байни вилоятҳо ва ноҳияҳои ҳаммарзи ду кишвар, инчунин таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳусни тафоҳум байни сокинони ноҳияҳои ҳаммарзро ба гунаи махсус таъкид намуданд. Бо дарназардошти ин матлаб, роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2020 тасдиқ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.