Хабари Вазорати корҳои хориҷӣ дар робита ба интишори коронавируси COVID-2019

05.03.2020 17:43

Бо дарназардошти шуюи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Италия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Япония, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.

Намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа ҳолати шуюи вируси мазкурро пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонанд.

Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон, Чин ва Япония ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

 

Нигористон

Тақвим