Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Қирғизистон

19.03.2020 14:52

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) дар Қирғизистон аз 19 марти 2020 маҳдудияти ворид шудан ба хоки он кишвар ҷорӣ гардид.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қирғизистон дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймоҳо татбиқ намегардад.

Хуруҷи шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон мувофиқи қонунгузории он кишвар сурат мегирад.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Суроға: ш.Бишкек 720031 к. Кара-Даринская х.36

Тел: (+996 312) 51 16 37; 51 23 43

Е-mail: tjemb.kg@mfa.tj

Нигористон

Тақвим