Маҳдудиятҳои муваққатии вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон

10.04.2020 13:36

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудаанд.

Бояд таъкид кард, ки ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд. Дар сурати ворид шудани гурӯҳи мазкури шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 14 рӯз карантин  мешаванд.

Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбати ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ), ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намегарданд.

Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои махсусро, баррасӣ кунад.

 

Нигористон

Тақвим