Чораҳои изофӣ дар робита ба пешгирии сироят ва шуюи COVID-19 дар Тоҷикистон

17.04.2020 22:52

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои якуми ҳамагирии коронавируси нав дар ҷаҳон ҳамаи чораҳои заруриро бобати пешгирии сироят ва пароканиши COVID-19 дар кишвар меандешад. Дар сатҳи Ҳукумат ситод таъсис ёфт, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани чораҳои лозим ҷиҳати пешгирии шуюи коронавирус ва таъмини аҳолии кишвар бо озуқаворӣ ва доруворӣ машғул аст.

Муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муқобила бо бемории ҳамагир ба суханронии ӯ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 17 апрели 2020 баргузор гардид, дароварда шуд.

Аз ҷумла дар суханронии худ Роҳбари давлат ба тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар бобати пешгирии сироят ва шуюи коронавирус меандешад, инчунин ба иқдомҳои дигар баҳри мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.

Қаблан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар чораҳо, ба намояндагони Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода буданд, ки ҳамроҳ бо роҳбарони мақомот ва сохторҳои маҳаллӣ корҳои тавзеҳотиро анҷом дода, ба иҷро гардидани қарорҳо ҷиҳати пешгирии шуюи ин вирус мусоидат кунанд.

Инчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба манзури ҳифзи саломатии аҳолӣ баргузории тамоми чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе лағв гардиданд.

Ҳамзамон бо дарназардошти вазъе, ки бар асари шуюи коронавируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, 17 апрели 2020 Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо қабул кард. Мутобиқи қарори Шӯрои уламо, эътиборан аз 18 апрели 2020 баргузории намозҳои ҷамоат - панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият ва инчунин дар моҳи рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад - таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ шуд. Ба сабаби муваққатан мамнӯъ шудани зиёрати хонаи Худо - Масҷид-ул-Ҳаром, Шӯрои уламо аз шаҳрвандони кишвар, ки нияти ҳаҷ доштанд, даъват намуд, ки маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро ба ниёзҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.

Дар изҳороти Шӯрои уламо хоҳиш гардидааст, ки тавсияҳои табибон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар айёми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя шаванд.

Нигористон

Тақвим