Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ

23.04.2020 09:40

22 апрели 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге баргузор гардид.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19, паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон табодули назар роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ сурат гирифт.

 

Нигористон

Тақвим