Суҳбати видеоии Вазири корҳои хориҷӣ бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх

05.05.2020 17:32

5 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла минарубӣ, дастгирии маъюбон, рафъи оқибати офатҳои табиӣ ва вазъият дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон роҷеъ ба пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19, паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх табодули назар сурат гирифт.

PS7A2687-05-05-2020-17-30.jpg

Нигористон

Тақвим