Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон бо Президенти Ӯзбекистон

05.05.2020 19:01

5 майи 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ибтидои суҳбат Сарвари давлатамон қайд намуданд, ки дар Тоҷикистон бо эҳсоси ҳамдардии амиқ воқеаҳои дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сабаби канда шудани садди обанбори Сардоб рухдодаро пайгирӣ мекунанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мардуми тоҷик бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи ҳалқи бародари ӯзбек қарор дорад.

Сарони ду давлат вазъи ҳозираи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамдигарро аз вазъияти бавуҷудомада дар ҳар ду кишвар дар иртибот бо паҳншавии сирояти нави коронавирус хабардор сохтанд.

Дар ин росто Президентони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии ҳар ду ҷонибро барои ҳамкорӣ ҷиҳати барҳам додани ҳолати буҳронӣ таъкид намуданд.

Сарони ду давлат инчунин доир ба масъалаҳои ҷории муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуданд. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки тадбирҳои таъхирнопазир барои минбаъд густариш додани ҳамкориҳо дар руҳияи шарокати стратегӣ ба нафъи ҳар ду мардум ба амал бароранд. 

Президенти Тоҷикистон ба Президент ва мардуми Ӯзбекистон сиҳатмандӣ ва осудагии комил орзу намуданд.

Нигористон

Тақвим