Дар бораи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”

20.05.2020 10:49

19 майи 2020 дар партави дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвози ҳавопаймои махсуси ширкати “Тоҷик Эйр” дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ба манзури ба Ватан баргадондани 213 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд, инчунин ҷасадҳои ҳамватанон, ки дар қаламрави он кишвар ба сабабҳои гуногун ҷон бохтаанд, танзим гардид. 

Бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд. 

Зимнан бояд зикр намуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии Ковид-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан солим баргардонад.

Барои ин ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа супориш дода шудааст, ки маълумоти ҳаррӯза дар бораи вазъи шаҳрвандонро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси Ковид-19 пешниҳод карда, тамоми мусоидати имконпазирро ба шаҳрвандон расонанд.  

Дар ин росто, бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии Ковид-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд. 

Ситоди ҷумҳуриявӣ ба шаҳрвандони гиромӣ итминон медиҳад, ки сарфи назар мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои лозим барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳар чи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд. 

Нигористон

Тақвим