Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон

21.05.2020 09:30

20 майи 2020 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Зограб Мнатсаканян баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат мусоҳибон масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии коронавируси навро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба иқдомҳои пешгирифтаи ҳукуматҳои ду кишвар ҷиҳати мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонӣ табодули маълумот намуданд.  

Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба табодули назар карда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф, пеш аз ҳама бо истифода аз абзори ройзаниҳои сиёсӣ ва зарфияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд.

 

Нигористон

Тақвим