Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ

27.05.2020 16:59

27 майи 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат мавзӯи пешгирии шуюи вируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Вазири корҳои хориҷӣ таҳвили саривақтии 64 тонна васоили муҳофизатии инфиродиро ба Тоҷикистон аз ҷониби UNICEF ба мақсади баланд бардоштани иқтидори бахши тандурустии кишвар ҷиҳати вокуниш ба ин беморӣ муҳим арзёбӣ намуда, сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат ба он ҷониб расонид.  Дар ин радиф, атрофи тадбирҳои банақшагирифташуда дар масъалаи таъмини пешгирии муассир ва мубориза бо бемории ҳамагир, омӯзондани кормандони соҳаи тиб, инчунин харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббии зарурӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мубориза бо COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баробари мушкилоти COVID-19 инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳои тарафайн дар кишвар ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ ба Роҳбари Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуд.

PS7A2915-27-05-2020-1659.jpg

Нигористон

Тақвим