Бозгашти шаҳврандони Тоҷикистон аз Дубай

29.05.2020 21:40

29 майи 2020 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 188 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Дубай ба Душанбе баргардонида шуданд.

Интизор меравад, ки 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон тавассути парвози чартерии “Флай Дубай” ба Ватан низ баргардонида шаванд. 

Шоёни зикр аст, ки 27 май кӯмаки башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “ал-Иттиҳод” иборат аз лавозимоти тиббӣ барои мубориза бо бемории Ковид-19 ба Душанбе расид.

 

Нигористон

Тақвим