Гуфтугӯи телефонӣ бо Вазири корҳои хориҷии Канада

08.06.2020 19:13

8 июни 2020 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Канада Франсуа-Филипп Шампан баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мавриди раванди мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 дар кишварҳои худ мубодилаи афкор намуданд. Вазир С.Муҳриддин ба Ҳукумати Канада барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, инчунин ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Канада дар арсаи байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Нигористон

Тақвим