Имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Япония

19.06.2020 15:05

19 июни 2020 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Япония барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.

Қайд гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина, лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Япония (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва менеҷмент саҳми арзанда гузошта истодааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Дар анҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба расонидани кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 дар чаҳорчӯби “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ”  баргузор гардид. Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита имзо намуданд.

PS7A3815.jpg

 

 

PS7A3729.jpg

Нигористон

Тақвим