Вазорати корҳои хориҷӣ иловатан ба хабари қаблӣ дар бораи марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон эътиборан аз 25 июни 2020 аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад, ки парвозҳои чартерӣ тибқи ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг шудаанд, сурат мегиранд:
Хотиррасон менамоем, ки дар раванди анҷом додани чунин парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.
Ҳамзамон хабар медиҳем, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19, масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.