23 ноябри 2014 дар доираи сафари расмии худ ба Кувайт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сарвазири Давлати Кувайт Шайх Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот барпо намуд.
Зимни вохӯрӣ перомуни масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон қайд карданд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқие, ки то имрӯз ташаккул ёфтааст ва муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро танзим мегардонад, барои татбиқи стратегияи ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника имконияти хуб ва мусоидро фароҳам меорад.
Сироҷидин Аслов изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар баробари таҳкими равобити сиёсӣ, ҳамчунин ба қисмати иқтисодии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар ин росто, бино бар суханҳои С. Аслов, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бунёди минтақаҳои саёҳатию табобатиро номбар кардан мумкин аст. Самти дигаре, ки С. Аслов диққати ҷониби кувайтиро ҷалб кард, ин татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ мебошад, ки дорои аҳаммияти минтақавӣ ва аз лиҳози сармоягузорӣ фоидаоваранд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сарвазири Давлати Кувайт паёми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро бо даъвати сафар ба кишвари мо тақдим кард. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд.