23 ноябри 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини аввали Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Хамас ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон перомуни масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳаммияти таҳкими робитаҳо бо Давлати Кувайт ва ҷойгоҳи вежаи он кишварро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд.
С. Аслов афзуд, ки ибтидои таърихи робитаҳои ду кишварро метавон аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 17-19 апрели соли 1995 ҳисоб кард ва маҳз ин сафар таҳкурсии муносибатҳои ду кишварро гузошт. Қайд гардид, ки соли оянда 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар мебошад. Ба ин муносибат С. Аслов пешниҳод кард, ки барномаи гузаронидани чорабиниҳои идона тартиб дода шуда, вазоратҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати ҳамоҳанг намудани корҳои ташкилӣ ва иҷрои чорабиниҳо ҳамкориро ба роҳ монанд. Илова ба ин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ишора ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар, пешниҳод намуд, то барномаи ҳамкориҳо барои солҳои 2015-2020 тарҳрезӣ шавад.
Зимни музокирот инчунин маросими баимзорасонии Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз 23 июни 2013 доир гардид. Протоколи мазкурро вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт ба имзо расониданд.