Мулоқот бо Раиси Парлумони Кувайт

24.11.2014 10:41

Мулоқот бо Раиси Парлумони Кувайт

23 ноябри 2014 дар шаҳри Кувайт вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Раиси Парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғоним баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Сироҷидин Аслов сипоси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро ба Раиси Парлумони Давлати Кувайт барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари ҳайати парлумонии кишвари мо ба Кувайт баён намуд. Дар ин росто, зарурати омӯзиши таҷрибаи Парлумони Кувайт муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ Сироҷидин Аслов изҳор дошт, ки бо назардошти имконияти фаровони ҳамкорӣ, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Кувайт мундариҷаи нав мебахшанд.

Мулоқот бо Раиси Парлумони Кувайт

Нигористон

Тақвим