Ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Чехия

25.11.2014 11:37

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия 5 июни соли 1992  барқарор шудаанд.

Моҳи ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия сафари корӣ анҷом дод. Дар рафти ин сафар Президенти кишвар инчунин дар кори саммити навбатии Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ ширкат варзид. Дар баробари иштирок дар ин саммит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла ба ширкати «Шкода Авто» ташриф оварда, бо ҷараёни кори ин корхона шинос шуд. 

6-9 октябри соли 2004 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия баргузор гардид. Зимни ин сафар як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими дуҷониба ба имзо расид: Эъломияи муштараки сарони ду давлат, Ёддошти тафоҳум оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ва Бонки содироти Чехия.

7 феврали соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби сафари кории Президенти Тоҷикистон ба ш. Сочии Федератсия Россия мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан баргузор гашт. Ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Байни Тоҷикистону Чехия мубодилаи боздидҳои расмӣ ва кории ҳайатҳо дар сатҳҳои гуногун доимо сурат мегиранд. Аз ҷумла, дар давраи раисии Ҷумҳурии Чехия дар Иттиҳоди Аврупо 29-30 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Вохӯрии навбатии Сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Барои иштирок дар ин мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Ян Когоут ба сифати Раиси Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.

Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат ва тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2006 Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Ҳаҷми гардиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар соли 2013 ба 3 млн 428 ҳазор доллари амрикоӣ расид. Маҳсулоти асосии воридот шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти сафолӣ, мебел, асбобҳои нурафкан, маҳсулоти чӯбин, шиша ва маҳсулоти шишагӣ ва ғайра мебошанд. Содирот бошад, асосан аз нахи пахта иборат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Чехия аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Ҷониби Тоҷикистон аз сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан таҳким ва густариши робитаҳоро дар соҳаҳои барои ду ҷониб афзалиятнок ва муфид, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ки асос барои ҳамкории минбаъдаи судманд хоҳад буд, мунтазир аст.

Нигористон

Тақвим