Барқияи изҳори тасаллии Президенти Тоҷикистон ба Президенти Қазоқистон

13.07.2020 16:17

13 июли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич,

Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам.

Итминон дорам, ки тадбирҳои ҷиддии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хатари сирояти вирус андешидашаванда ба қарибӣ натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд.

Таҳдиди афзоишёбандаи пандемияи “Ковид-19” моро ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамдиливу дастгирии якдигар ва муттаҳид кардани талошҳо баҳри рафъи он водор менамояд.

Бо истифода аз фурсат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати расонидани кумаки имконпазир ва мусоидат, ҳамчунин густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид менамоям».

Сарчашма: http://president.tj/node/23406

Нигористон

Тақвим