Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Словакия

28.11.2014 09:05

26 ноябри соли 2014 дар Братислава Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар Вена) Исматулло Насрединов Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска супорид.

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Словакия бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Словакия Андрей Киска расонида шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Словакия, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фароварди сӯҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия ба харҷ хоҳад дод.

Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба  Президенти Словакия

Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба  Президенти Словакия

Нигористон

Тақвим