26 ноябри соли 2014 Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, ки ҷиҳати иштирок дар “Ҳафтаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бахшида ба кишварҳои Авруосиё” ба Париж сафар намудааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Франсия бо Вазири давлатӣ оид ба савдои хориҷӣ, пешбурди туризм ва масоили фаронсавиҳо дар хориҷа ҷаноби Матиас Фекл вохӯрӣ анҷом дод.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, қайд намуданд, ки тақвият бахшидани пояи шартномавию ҳуқуқӣ байни Тоҷикистону Франсия ба густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷабҳа саҳмгузор хоҳад буд.
Вазирон дар рафти вохӯрӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла бо назардошти хурӯҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, табодули афкор намуданд.