Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ”

29.11.2014 13:12

27 ноябри соли 2014 дар Маркази байналмилалии Ҳиндустон (Деҳлии Нав) бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) ва Донишкадаи тадқиқотии ҳинду-форси Ҳиндустон (IIPS) гузаронида шуд.

Дар қисмати ифтитоҳии ҷамъомад Сафир М.Ҷалолов оид ба мероси адабӣ ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маъруза карда, дар бораи аҳамияти эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти тоҷик, эҳтироми хоссаи мардуми тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи худ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ки дар чаҳорчӯби таҷлили солгарди мавлуди мавсуф баргузор гардидаанд, иттилоъ дод.

Дар чорабинӣ Президенти Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ профессор Локеш Чандра ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуда, дар бораи мақому манзалати мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди адабиёту фарҳанги форс-тоҷик дар он давра суханронӣ намуд.

Ӯ ҳамчунин аз сафари худ ба Тоҷикистон дар соли 1968 ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳанӯз он замон аз фарҳанги хоса ва тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон хабардор гардида, тоҷиконро чун мардуми эҷодкор ва дар таърихи ҷаҳонӣ дорои мақому ҷойгоҳи хос дарёфтааст.

Дар кори Семинари илмӣ ходимони илм ва коршиносони кишвари иқомат, аз ҷумла Президенти Донишкадаи тадқиқотии ҳинду-форси Ҳиндустон доктор Саид Ахтар Ҳусайн, проф. Шариф Ҳусайн Қосимӣ аз Донишгоҳи Деҳлӣ, проф. Н. Хокӣ аз Маркази тадқиқоти Осиёи Донишгоҳи Кашмир, доктор Алим Ашраф Хон аз Донишгоҳи Деҳлӣ, проф. С.А. Ҳасан аз Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳру ва дигарон суханронӣ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоири бузург маълумот доданд.

Кори Семинари мазкур бо мубоҳиса ва мубодилаи афкор анҷом гирифт.

Дар чорабинии зикршуда ҳамчунин дигар профессорон ва олимони Ҷумҳурии Ҳиндустон, донишҷӯён ва коромӯзони тоҷик, сафирон ва дигар намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Деҳлии Нав ширкат вардиданд.

Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ”

Семинари байналмилалӣ дар мавзӯи ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ”

Нигористон

Тақвим