1 декабри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот натиҷаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ дар соли 2014 ва ҳамкориҳои афзалиятнок дар соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон масъалаи татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд.