28 ноябри соли 2014 дар рӯзномаи “ал-Аҳром-ул-масоӣ” мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо Муовини сармуҳаррир ва мудири бахши дипломатии рӯзномаи мазкур Ториқ ас-Сунутӣ нашр гардид.
Дар мусоҳиба Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои гуногун изҳори назар кард.
Рӯзномаи “ал-Аҳром” рӯзномаи бонуфузи Миср мебошад (нашри он рӯзона 1 млн ва рӯзҳои ҷумъа 1,2 млн нусхаро ташкил медиҳад).