2 декабри 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иборат аз Сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии он Идора дар ш. Женева хонум Хулан Тседев, Муовини намояндаи минтақавии Идора барои Осиёи Марказӣ хонум Элизабет да Кошта, Мушовири Идораи минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ хонум Наталя Сейтмуратова, инчунин Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва намояндагони Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои механизми назоратӣ оид ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар ҳошияи низоми махсуси СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҷонибҳо дар мавзӯи таҷрибаи мусбати ҳамкории кишвар бо Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор карданд.