Изҳороти Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон

10.09.2020 12:06

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум менамояд.

Мо ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу мекунем.

Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.

Нигористон

Тақвим