Барқияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка

03.10.2020 11:33

3 октябри 2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба бемории коронавирус сироят шудани Шумо ва ҳамсаратон хонум Мелания Трамп боиси эҳсосоти нигаронии мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои душвор ба Шумо дастгирии дӯстона ва холисонаи ин ҷонибро изҳор менамоям.

Бо ибрози тамоми орзуҳои беҳтарин ба Шумо, ҷаноби Президент ва Бонуи аввал шифои комилу оҷил, рӯҳияи қавӣ ва саломатии бардавом таманно дорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».

http://president.tj/node/24195

 

Нигористон

Тақвим