Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

01.12.2020 19:53

1 декабри 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сиғаи маҷозӣ доир гардид, ширкат намуд.

Дар рафти ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо атрофи мавзӯъҳои муҳимми амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин фаолияти СААД табодули афкор карданд.

Дар суханронии худ С.Муҳриддин дидгоҳи Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятноки рӯзномаи ҷории Созмон ироа намуд. Ӯ қайд кард, ки пайомадҳои тӯлонии иқтисодиву иҷтимоии ҳамагирии коронавирус ҳамчунин метавонанд ба амният хатарзо бошанд.

Дар суханронӣ таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояти фаромиллӣ дар паҳнои СААД зоҳир гардид. Ба ин муносибат, масоили Афғонистон ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо он кишвар қайд карда шуд.

Зимни ҷаласа С.Муҳриддин авлавиятҳои раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар СААД дар самтҳои сиёсӣ ва байналмилалиро мухтасар муаррифӣ намуд.

S7A0504.jpg

S7A0508.jpg

PS7A0560.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим