Дар Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баргузор гардид.
Сафир ба Дабири кулл аз авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар Созмони мазкур, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини амният ва ҳаёти осудаи мардумони давлатҳои узви СААД равона шудааст, маълумот дод.
Дабири кулли СААД аҳаммияти авлавиятҳои Тоҷикистонро барои фаолияти СААД, ки масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳоро дар бар мегиранд, таъкид намуд.
Ҷонибҳо масоили татбиқи авлавиятҳои Тоҷикистонро зимни раёсаташ дар СААД дар солҳои 2020-2021 мавриди баррасӣ қарор дода, пиромуни масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.