23 декабри 2020 дар Ҷидда Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал-Усаймин супорид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтории он баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.
Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 табодули назар карданд.