Машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамкории кишварҳои иштирокдори ИДМ дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО

25.12.2020 11:04

24 декабри соли 2020 машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки бори аввал ба мавзӯи “Ҳамкории кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО” ихтисос доштанд, таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо ҷанбаҳои фаъолият ва самтҳои ояндадори ҳамкориҳо байни кишварҳои узви ИДМ дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО-ро баррасӣ намуданд, перомуни масъалаи татбиқи Ҳадафи чорум дар самти рушди устувор бо дарназардошти ҳамагирӣ мубодилаи таҷриба карданд, имкониятҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Конвенсияи ҳифзи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиии соли 1972 ва татбиқи Конвенсияи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО-и соли 2003-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ миёни комиссияҳои миллии корҳои ЮНЕСКО дар кишварҳои ИДМ баён намуда, дурнамои роҳандозии ҳамкориҳо миёни ИДМ ва ЮНЕСКО-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

S7A1324 25,12,20.jpg

ghgh25,12,20.png

Нигористон

Тақвим