Мулоқоти Сафир бо Раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон

29.12.2020 17:01

27 декабри 2020 дар Кобул мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Шӯрои миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дустӣ ва табодули сафарҳои расмию кории ҳайатҳои маҷлисҳои намояндагони Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муштаракоти фаровони таърихию фарҳангӣ, марзи муштараки тӯлонӣ ва фазои ҳамсоягии нек ба Тоҷикистону Афғонистон имкон додааст, ки равобити худро дар ҳамаи заминаҳо тавсеа бахшанд ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои зербиноӣ, ки барои ҳар ду кишвар ва минтақа судманд аст, беш аз пеш тақвият намоянд.

Safir-bo-Rakhmoni 29 12 2020.jpg

Нигористон

Тақвим