Мулоқоти Сафир бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ

05.01.2021 17:09

5 январи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Ҳарбӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба аҳаммияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва баргузории форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таъкид карданд.

Saudi IMG-2264.jpg

 

Нигористон

Тақвим