Мулоқоти Сафир бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

11.01.2021 17:14

10 январи 2021 Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Сафир номаҳои табрикии Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Марзуқ Али ал-Ғоним ба муносибати аз нав интихоб гардидани ӯ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт супорид.
Kuwait 11 01 2021 2.jpeg

Kuwait 11 01 2021.jpeg

Нигористон

Тақвим