Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё

21.01.2021 15:35

21 январи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё (ACD) таҳти унвони “Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар ҷаласа  оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколама табодули афкор сурат гирифт. Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар суханронии худ С. Муҳриддин мавқеи кишвари моро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳаммияти андешидани чораҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.

Дар хотимаи нишаст санади поёнии Ҷаласаи XVII-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё - Эъломияи Анкара қабул гардид.

Asian Cooperation Dialogue 21 01 2021 2.jpg

Asian Cooperation Dialogue 21 01 2021.jpg

Asian Cooperation Dialogue 21 01 2021 3.jpg

Нигористон

Тақвим