Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди суханони сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон

10.02.2021 10:42

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханони ахири сиёсатмадорони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи он ки гӯё макони сарчашмаи обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибор дода, таъкид мекунад, ки раванди  таъйини ҳудуд ва аломатгузории cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз ба поён нарасидааст. Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома доранд.

Қитъаи қаламраве, ки сарчашма аз он мегузарад ва ба он вакили Жогорку Кенеши Қирғизистон ишора кардааст, то ба охир расидани раванди таъйини ҳудуди сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қитъаи таъйини ҳудуд нашуда ба шумор меравад. Дар ҳоли хозир дар бораи аз сӯи як тараф ба тарафи дигар додани қитъаи мавриди баҳс сухане намеравад.

Вазорат аз сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя даъват мекунад, ки ҳангоми додани изҳорот дар бораи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтиёти зиёд кунанд, зеро паҳн кардани маълумоти носанҷида метавонад ба носубот кардани вазъ дар қаламрави наздимарзии ду кишвари бародар оварад.

Нигористон

Тақвим