2 апрели соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Намояндагони доимӣ ва Мухтори Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи авлавиятҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2015 таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии Тоҷикистон дар давраи раисии худ ин таҳкими имкониятҳои Созмон ҷиҳати мубориза алайҳи чолишҳои муосир мебошад.
Ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД, ки доиршавиашон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.
