Пресс-релиз дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми 2021

27.07.2021 11:55

ПРЕСС-РЕЛИЗ

дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар нимсолаи якуми 2021

 (Душанбе, 27 июли 2021)

 

Дар давраи гузоришӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайгирона густариш ёфтанд.

Рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Русия сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва барои ширкат ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб мегардад. Дар рафти сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Зимни мулоқоти сатҳи олӣ масъалаҳои муҳимми муносибатҳои ҳампаймонӣ ва шарикии роҳбурдии ду кишвар, ҳамчунин вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

8-9 феврал дар Москва 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия зери роҳбарии ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор гардид.

19 майи 2021 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия С.Лавров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар самти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон низ рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд.

10-11 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз натиҷаи сафар Изҳороти муштараки сарони ду кишвар ва дар маҷмӯъ 35 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аксари он фарогири ҳамкориҳо байни ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ мебошанд.

Инчунин дар ин давра ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ зери роҳбарии сарвазирони ду кишвар (14-15 майи 2021, Тошканд) баргузор гардид.

Дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон бояд қайд намуд, ки 19-20 майи соли 2021 нахустин сафари расмии Президенти он кишвар Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аз натиҷаи он 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

18 марти 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

30 марти 2021 дар ҳошияи 9-мин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошт, баргузор гардид. 28-29 июни 2021 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ кард. Зимни мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Аз натиҷаи сафар Изҳороти муштараки сарони ду кишвар ва 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти муносибатҳои дуҷониба бо Туркманистон ҷиҳати татбиқи созишҳое, ки байни роҳбарияти олии ду кишвар соли 2019 дар Ашқобод ҳосил шуда буданд, чораҳои лозима андешида шуданд.

Дар ин робита, моҳи майи 2021 Харитаи роҳ баҳри пешбурди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон қабул гардид, ки як қатор чорабиниҳои амалии муштаракро дар бар мегирад.

28 апрел ва 29 июни 2021 суҳбатҳои телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон сурат гирифтанд. Сарони ду кишвар атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, алоқамандии хешро ба ғанӣ гардонидани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз карданд. Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Беларус бар ҳамкории мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ткая карда, чун анъана дар маҷрои дӯстӣ ва ҳусни тафаҳум густариш меёбанд.

5-7 апрели 2021 ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар солҳои 2019-2020 ва чорабиниҳо барои афзун гардонидани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, сармоягузорӣ ва иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

18 майи 2021 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тамоюли мусбати гардиши моли байни ду кишварро қайд намуданд.

Дар ин давра муносибатҳо бо Украина дар сатҳи устувор қарор дошта, ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.

17 майи 2021 даври дуюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1 июни 2021 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Украина дар шакли маҷозӣ сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар нимсолаи якуми 2021 иқдомоти лозим ҷиҳати таъмиқи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон идома ёфтанд. 30 марти 2021 дар Душанбе дар ҳошияи 9-мин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

15 феврали 2021 якумин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд. Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор доштанд.

 Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои самарабахш миёни Тоҷикистон ва Арманистон 3 апрели 2021 дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон сурат гирифт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба равобити ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт

Вазорати корҳои хориҷӣ дар нимсолаи якуми 2021 барномаҳои ҳамкориро бо вазоратҳои корҳои хориҷии Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон барои солҳои 2021-2022 ба имзо расонид. Дар давраи сипаригашта 28-30 марти 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" дар Душанбе қарор дошт. Дар чаҳорчӯби сафари мазкур 29 марти 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро ба ҳузур пазируфтанд.

29 марти 2021 мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар он мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

19 июни 2021 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия вохӯрии дигари Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу баргузор гардид. Дар мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид шуд.

Дар нимсолаи якуми 2021 масоили рушди робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва илмию фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди пайгирии мунтазам қарор доштанд.

29-30 марти соли ҷорӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон баргузор гардид. Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шахсони дигари расмии кишвар мулоқот намуд.

Дар мулоқотҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти сафари расмӣ шаш санади дуҷониба дар заминаҳои мухталиф имзо шуд.

30 марти 2021 дар Душанбе 9-мин Конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Раванд дар шакли ҳузурӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мададрасон дар шакли маҷозӣ ширкат карданд. Дар хотимаи Конфронс Эъломияи Душанбе қабул шуд.

Дар мавриди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд қайд намуд, ки 28 марти 2021 Вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҷиҳати иштирок дар 9-мин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба Душанбе сафар кард.

29 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Эронро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

30 марти 2021 дар ҳошияи Конфронси мазкур нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон пас аз таваққуфи тӯлонӣ доир шуд.

Масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ки 19 июни 2021 дар ҳошияи Форуми дипломатӣ дар Анталия сурат гирифт, баррасӣ гаштанд.     

Рӯйдоди муҳимми соли равон дар робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод (2-3 июни 2021) мебошад, ки дар таърихи густариши муносибатҳои дуҷониба бо он кишвар саҳифаи навро кушод. 

Ҳангоми сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазир, Президент, Раиси Сенат ва Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқотҳои дуҷонибаи пурмуҳтаво анҷом доданд. Баррасии масоили рушди баъдии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар 2 июни 2021 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардида, дар фарҷом 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар шакли маҷозӣ доир гардид. Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва гардишгарӣ баррасӣ шуда, дар ин замина зарурати таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

Дар ҳошияи 9-умин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе 30 марти соли 2021 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар доир гашт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни ду кишварро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар шакли маҷозӣ баргузор гардид ва дар он ҷонибҳо роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро муҳокима намуданд.

  Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

1 марти 2021 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Чин Си Ҷинпин доир гардид. Дар он сарони ду кишвар ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкориҳои шарокати стратегиро муҳокима намуданд.

11-12 майи 2021 дар шаҳри Сиан нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи “Осиёи Марказӣ ва Чин” баргузор гардид. 11 майи 2021 дар доираи нишасти мазкур мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.

30 марти 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки ба мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

31 марти соли ҷорӣ вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид. Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, рағбати худро бобати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор доштанд.

Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, рушд, зерсохтор, маорифу фарҳанг 11 март дар даври навбатии машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Япония баррасӣ гардиданд.

1 апрели соли 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни сӯҳбат ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Аз оғози соли ҷорӣ вохӯриҳои роҳбарияти Вазорат бо намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳидаи Америка барпо шуда, дар онҳо роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва дигар абзорҳои иртиботӣ табодули афкор сурат гирифт.

17 марти 2021 нишасти маҷозии сеҷониба миёни вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва муовини Котиби давлатии ИМА доир гардид. Ҷонибҳо омодагиро барои шарокат ва ҳамкорӣ ба мақсади мусоидат дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва рушди иқтисодӣ изҳор доштанд. Мавзӯъҳои ҳамкориҳои се кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд.

23 апрели 2021 вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар нишасти навбатии маҷозӣ дар қолаби С5+1 масъалаҳои мубориза бо ҳамагирии Ковид -19, паёмадҳои тағйирёбии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар минтақа, муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод зимни сафараш ба Душанбе 4 майи 2021 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ мулоқот намуд.

1 июни 2021 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен доир ба масъалаҳои дуҷониба ва минтақавӣ сурат гирифт.

Мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва нақшаи амали муштараки ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказии Сабз”-и Олмон 20 майи 2021 ҳангоми суҳбати маҷозӣ бо Вазири давлатии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон Нилс Аннен мавриди барассӣ қарор гирифтанд.

7 апрели 2021 сафари кории ҳайати Маҷористон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати он кишвар Петер Сийярто ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар доираи ин боздид даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон зери роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гашт. Дар фарҷоми ин чорабинӣ барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон барои солҳои 2022-2024 қабул гардид.

Дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Лаҳистон бояд қайд намуд, ки 25 июни 2021 дар Варшава нахустин даври муколамаи сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид, ки дар он доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор сурат гирифт.  Инчунин 15 апрели 2021 ройзаниҳои сиёсии маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии гурӯҳи кишварҳои Вишеград (Лаҳистон, Маҷористон, Словакия ва Чехия) ва Осиёи Марказӣ баргузор гардиданд. Дар чорабинӣ масъалаҳои таъсири иқтисодиву иҷтимоии ҳамагирии Ковид-19, амалисозии Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, соҳаҳои имконпазири ҳамкорӣ дар ин қолаб, амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ шудаанд. Масъалаи рушди муносибатҳои дуҷониба бо Португалия ва инчунин ҳамкориҳои тарафайн дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва соҳаи об 19 феврали 2021 дар рафти мулоқоти маҷозии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Фаронса (12 январи 2021), Италия (23 июни 2021), Нидерланд (19 апрели 2021) ва Белгия (22 апрели 2021) дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, маориф, сайёҳӣ, обу энергетика ва амният дар рафти ройзаниҳои сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ корҳои зерин анҷом ёфтанд. Ҳайати Тоҷикистон дар СММ ба ҳайси кишвари раисикунанда дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) тавонист, ки қатъномаҳои марбут ба ҳамкории СММ бо созмонҳои мазкурро дар Маҷмаи Умумии СММ муваффақона пешбарӣ намуда, дар қабули санадҳои мазкур ба таври иттифоқи оро саҳм гузорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни 2021 дар “Панҷумин иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, перомуни вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсисри онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахусус Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

25 июни 2021 Нишасти минтақавӣ оид ба омодагӣ ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ташаббуси муштараки Тоҷикистону Сингапур доир гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии кишвар роҷеъ ба мушкилиҳои умдаи аҳолии сайёра ҷиҳати дастрасӣ ба обу беҳдошт ва аҳаммияти Даҳсолаи об барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои зикрёфта суханронӣ намуд.

28-30 июни 2021 дар Ню-Йорк бо ташаббуси Дабири кулли СММ Конфронси дуюми сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм зери унвони “Муқовимат ва пешгирии терроризм дар заминаи фанновариҳои дигаргункунанда: рафъи таҳдидҳои даҳсолаи нав” дар сиғаи омехтаи маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти зиддитеррористӣ ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СММ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО бояд қайд намуд, ки Мудири Намояндагии минтақавии ЮНЕСКО 17-23 майи 2021 аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар доираи сафар вохӯриҳои ӯ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар роҳбарони мақомоти марбутаи кишвар сурат гирифтанд. Зимни мулоқотҳо як силсила масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар самтҳои илм, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

3 марти соли 2021 нахустин мулоқоти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим зери унвони “Пешвоёни обу иқлим (Water and Climate Leaders)” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар кори он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви Панел ширкат ва суханронӣ намуданд.

18 марти 2021 дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланди “Татбиқи ҳадафу мақсадҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об” тибқи қатъномаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшудаи МУ СММ (73/226) баргузор гардид. Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин қатънома ва ҳамраиси Конфронси оби СММ-2023 дар ҳамоиш дар сатҳи Роҳбарияти Олии кишвар ширкат варзид.

Дар самти ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ месазад аз боздиди расмии Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия ба ҳайси Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Тоҷикистон (14-15 апрели соли 2021) ёдрас гардид. 1 ва 7 майи 2021 ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хорҷӣ бо ӯ ва Дабири кулли САҲА бо дархости он ҷониб баргузор гардид.

19 феврали 2021 нишасти навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҷанбаҳои асосии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни ИА ва Тоҷикистон, масъалаҳои умумӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла адлия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва тиҷорат, GSP+, иттисол ва энергетика аз мавзӯоти ин ҷаласа буданд.     21 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.Ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон ва масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ин марҳила таҳкиму густариш ёфт. 2 апрел дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазирон масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар чаҳорчӯби ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар самти ҳамкорӣ бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бояд қайд намуд, ки дар Душанбе 18-19 майи 2021 ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазирони корҳои хориҷиро қабл аз ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифта, таваҷҷуҳи хос ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятнок, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, зоҳир гардид.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба уҳда дорад, ки он ба 20-умин солгарди таъсис ёфтани Созмон рост меояд. То ҳоло дар чорчӯби СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон 56 ҷаласаи гуногунсатҳи мақомоти СҲШ баргузор шуд.

13-14 июли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд. Ҷаласаи мазкур чорабинии калидӣ дар омода намудани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ба ҳисоб меравад. Оид ба натиҷаҳои нишасти мазкур 29 қарор қабул шуданд.

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон 14 июли 2021 дар Душанбе бо иштироки ҳузурии ҳамаи давлатҳои узви СҲШ ва Афғонистон Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узв ва Афғонистон дар қолаби Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” баргузор шуд. Аз натиҷаи Вохӯрии мазкур Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ қабул шуд.

Қобили зикр аст, ки то 1 июли соли 2021 шумораи кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд ба 179 расидааст. Дар давраи ҳисоботӣ робитаҳои дипломатӣ бо Тринидад ва Тобаго барқарор шудаанд.

Дар ин муддат 6 нафар сафирони нави кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла сафирони Афғонистон, Фаластин, Фаронса, Италия, Маҷористон ва Харватия эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд.

 Имсол Тоҷикистон дар ду созмони бузурги минтақавӣ Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ раёсатро ба уҳда дорад ва пойтахти кишвари мо мизбони нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он ва нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хоҳад буд.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати дар сатҳи шоиста анҷом додани раёсат дар ду созмони мазкур ва истиқболи 30-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли кишвари азизамон омодагии ҳамаҷониба дида истодааст.

Вазорат ба фаъолияти иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО аҳамияти махсус медиҳад. Дар давраи гузоришӣ нишастҳои матбуотии Вазорат ва муассисаҳои хориҷии кишвар оид ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалие, ки дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баргузор гардиданд. Торнамои расмии Вазорат ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хонандагон хабару маълумоти тозаро дар бораи рӯйдодҳои муҳим дар самти сиёсати хориҷӣ пайваста пешниҳод менамоянд.

1-Press-Conference-27-07-2021-2.jpg

2-Press-Conference-27-07-2021-1.jpg3-Press-Conference-27-07-2021-3.jpg4-Press-Conference-27-07-2021-4.jpg5-Press-Conference-27-07-2021-5.jpg6-Press-Conference-27-07-2021-6.jpg7-Press-Conference-27-07-2021-7.jpg

Нигористон

Тақвим