Мулоқоти Прокурори генералӣ дар Олмон

29.07.2021 17:52

28 июли соли 2021 мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Олмон дар Карлсруе доктор Петер Франк баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ, робитаҳои байниидоравӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон мубодилаи афкор карданд.

Бо ишора ба муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистони ҳамҷавор, Юсуф Раҳмон зарурати густариши ҳамкории кишварҳоро дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар навъи ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Дюсселдорф бо фаъолияти Прокуратураи музофоти федеролии Рейни Шимолӣ-Вестфалия шинос шуда, бо роҳбарияти он роҷеъ ба вусъати робитаҳои мустақими байниидоравӣ сӯҳбат анҷом дод.

Prosecutor-General-meetings-in-Germany-29-07-2021-1.jpg

Prosecutor-General-meetings-in-Germany-29-07-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим