Тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон

30.07.2021 15:22

29 июли 2021 вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори миллии Ҷумҳурии Лаҳистон Богдан Свенчковский баргузор гардид.

Зимни мулоқоти роҳбарони ду додситонӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва руҳияи созанда ҷараён дошт, ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои байниидоравиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Юсуф Раҳмон ба ислоҳоти маъмуриву идоравии Прокуратураи миллии Лаҳистон баҳои баланд дода, ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро ба ҳамтои худ муаррифӣ намуд. Ӯ дар самти муқовимат бар зидди чолишу падидаҳои номатлуби замони муосир, инчунин  фаъолиятҳои тахрибкорона ва дигар паҳлӯҳои амнияти иттилоотӣ  хостори мубодилаи таҷриба ва робитаҳои наздиктари ду кишвар  гардид.

Prosecutor-General-in-Warsaw-30-07-2021-1.jpg

Prosecutor-General-in-Warsaw-30-07-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим