Чорумин ҷаласаи Комиссияи муштарак бо АМА

30.07.2021 15:52

29 июли 2021 Чорумин ҷаласаи Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон Қодирзода Саъдӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Абдул Носир аш-Шаолӣ роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва АМА дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, ҳавопаймоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои мунтазамро баҳри рушду тавсеаи равобити дуҷониба муассир донистанд. Дар поёни ҷаласа Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаҳои тиҷорат ва саноати АМА оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорон ба имзо расид, ки он заминаи лозим баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ хоҳад буд.

4th-Session-of-the-Joint-Commission-between-Tajikistan-and-UAE-30-07-2021.jpg

Нигористон

Тақвим