Мулоқоти дуҷониба байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

25.08.2021 12:04

25 августи 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди баъдии ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд.

Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба баргузории Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон табодули афкор намуданд.

Foreign-Ministers-of-Tajikistan-and-Pakistan-3.jpg

Foreign-Ministers-of-Tajikistan-and-Pakistan-5.jpg

Foreign-Ministers-of-Tajikistan-and-Pakistan-7.jpg

Нигористон

Тақвим