Иштироки маҷозии Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинӣ дар мавзӯи “Арзиши об ва баробарии гендерӣ”

25.08.2021 18:31

23 августи 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии “Тақвияти баробарии гендерӣ дар соҳаи об: пурра кардани маълумот ва таҳияи амалҳои мушаххас”, ки дар мавзӯи “Арзиши об ва баробарии гендерӣ” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилоти умдаи дастрасӣ ба обу беҳдошт, баробарии гендерӣ ва иштироки фаъоли занон дар бахши об, инчунин зарурати баррасии мавзӯъ дар чаҳорчӯби платформаи “Раванди оби Душанбе”, аз ҷумла Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 изҳори назар кард.

 

Нигористон

Тақвим