Супоридани эътимоднома ба Президенти Ӯзбекистон

25.08.2021 20:30

25 августи 2021 cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев супорид.

Зимни маросим cафир таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонид.

Дар рафти маросими мазкур мулоқоти сафир А. Раҳмонзода бо Президент Ш. Мирзиёев доир гардида, зимни он ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

tashkent-1.jpg

Tashkent-2.jpg

tasskent.jpg

Tashkent-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим