Мулоқоти Намояндаи доимии кишвар дар СММ бо Муовини аввали Дабири кулли СММ

28.08.2021 16:10

27 августи 2021 мулоқоти Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини аввали Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милал, ба вежа ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор, ислоҳоти СММ ва ғ. мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо, инчунин, оид ба масъалаи вазъияти амниятӣ дар минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

20210827-152804.jpg

 

Нигористон

Тақвим