Вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон

30.08.2021 08:35

Аз 23 то 28 августи соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

1630298433611.jpg

 

Нигористон

Тақвим